24 Сентябр 2026 - 09:31
Source: ABNA
Ансоруллоҳи Яман: 408 киштӣ аз Бобул-Мандаб гузаштанд; оброҳа бехатар аст

Вазорати наклиёти ҳукумати Сано бо ишора ба муқаррарӣ ва бехатар будани масири киштигардӣ дар Бобул-Мандаб эълон кард: 408 киштии тиҷоратӣ байни 11 то 21 сентябр аз тангӣҳои Бобул-Мандаб гузаштанд.

Ба гузориши хабарагентии АБНА ба нақл аз Сабо, Вазорати наклиёти ҳукумати Сано эълон кард: 408 киштии тиҷоратӣ байни 11 то 21 сентябр аз тангӣҳои Бобул-Мандаб гузаштанд. 196 киштӣ дар тӯли 10 рӯз аз Бобул-Мандаб ба самти шимол ва 212 киштӣ ба самти ҷануб гузаштанд.

Дар ин баёния омадааст: ҳар рӯз беш аз 40 киштии тиҷоратӣ аз тангӣҳои Бобул-Мандаб мегузаранд. Шумораи киштиҳои гузаранда аз Бобул-Мандаб аз замони озодсозии минтақаҳои соҳилии ғарбӣ ба 408 киштӣ афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки ин шумора байни 1 то 10 сентябр 393 киштӣ буд.

Вазорати наклиёти Сано баён кард: киштигардӣ тавассути Бобул-Мандаб, ба истиснои киштиҳои саудӣ, ба таври равон ва бехатар барои флоти тиҷоратии байналмилалӣ идома дорад. Идомаи ҷараёни муқаррарӣ ва бехатари рафтуомади баҳрӣ дар Бобул-Мандаб иддиоҳои марбут ба таваққуфи киштигардӣ ё ноамнӣ дар ин оброҳаро рад мекунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha